Ҳавои рӯзи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ то 2 дараҷа гарм, дар вилояти Суғд то 6 дараҷа, дар Хатлон то 10 ва ҳамчунин дар Душанбею навоҳии атроф низ то 10 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв – Sputnik. Ҳавои рӯзи аввали соли ҷадид Тоҷикистон тағйирёбанда ва асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар бархе навоҳӣ тормеғ фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм дар назар аст.
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Хатлонро низ чун бисёри қисматҳои дигари Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва қисман тормеғ дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳавои тағйиёбандаи бебориш дар шаҳру навоҳии тобеи марказ низ пешгӯӣ шуда, дар бархе навоҳӣ тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм дар назар аст.
Душанберо низ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш ва тормеғ фаро мегирад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ҳавошиносон.