ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Ҳоло барои фарорасидани шоми 1 январи соли 2023 мелодӣ чанд соати ба шумор боқӣ мондааст.
Сокинони шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таманниёти солинавии худро зикр карданд
Хиёбони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, ки имрӯзҳо нисбат ба дигар рӯзҳо пуриздиҳомтар аст. Сокинон вилояти Суғд аксаран ҳамроҳи хонаводаҳои худ, аз ҷумла кӯдакон ба ин макон омада дар назди “Арчаи солинавӣ”, ки рамзи сабзу хуррамист акси хотиравӣ мегиранд.
Бобоҳои барфӣ дар ин макон аз дохили халтаҳо ба кӯдакон туҳфаи солинавӣ медиҳад. Ҳадяи туҳфа, махсусан шириниҳо ба кӯдакон шодии бештар мебахшад.
Чанд сокинони шаҳри Хуҷанд, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуданд таманниёти солинавиашонро баён карданд.
“Соли бобаракот шавад, ҳама ҷо арзонию сериву пуррӣ шавад, парвардигор аз балову офатҳои заминиву осмонӣ дар паноҳаш нигаҳ дорад” – зикр кард, холаи Муҳаррам.
Баъзеи дигар аз мусоҳибон дар бораи рафъи бемориҳо солимии ҷомеа таъкид намуданд.
Солеҳхуҷа Нуралиев сокини вилояти Суғд аз замони хуруҷи бемории каронавирус дар ду соли пеш ёд карда гуфт, ки соли 2023 соли орӣ аз бемориҳо боду ҳама саломату хуш бошанд.
Соли 2023 мелодӣ тибқи тақвим сали (мучал) харгӯш аст. Ин ҳайвон на дарранда, балки меҳрубон аст.