ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран ба чанд роҳбари Тоҷикистон орден дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.
Бино ба иттилои манбаъ, фармони дар бораи сафароз гардонидани сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ва президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо орден аз сӯйи президенти Русия ба имзо расидааст.
"Барои саҳми бузург дар рушди дӯстӣ ва ҳамкории Русия ва Тоҷикистон бо “Ордени фахрӣ” сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сарфароз гардонида шавад. Зокирзод Маҳмадтоир Зоир раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ордени Дӯстӣ” сарфароз гардонида шавадт”, - гуфта мешавад дар фармон.
Ҳамчунин, бо “Орденҳои Дӯстӣ” мудири кулли ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев ва президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, инчунин нависандаи белорус Владимир Лиходедов ва консули фахрии Русия дар Таиланд Супакит Чиравонон сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хидматҳояш дар назди Ватан ба Ордени дараҷаи III қадрдонӣ кард.