ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон асосан абрнок пешгӯӣ шуда, дар бархе навоҳӣ барфу борон меборад, хабар дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-2 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук дар назар аст.
Суғдро низ ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, шабу субҳгоҳон барфрезӣ ва дар бархе навоҳӣ тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук 4 дараҷа гармӣ мерасад.
Хатлонро шабона ва саҳаргоҳон борон ва барфрезӣ фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ мушобеҳи дигар қисматҳои ҷумҳурӣ шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барф ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм арзёбӣ мешавад.
Душанберо ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, шабона ва саҳаргоҳон борон ва давоми рӯз тормеғ дар назар аст. Ҳарорат шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 9+11 дараҷа гарм пешбинӣ мегардад.