Вазъи муҳоҷирон дар Русия беҳбуд меёбад

Расмиёти марбути ҳузуру фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, ки теъдодашон миллионҳо нафарро ташкил медиҳад, тағйир дода хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Вазъи муҳоҷирон дар Русия беҳтар мешавад, чун пас аз як сол дар кишвар расмиёти зиёди марбути муҳоҷират тағйир меёбад.
Ин нуктаро муовини сардори Сараёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, Дмитрий Демиденко дар пайи ҷаласаи муштараки мақомоти давлатии ФР ва Қирғизистон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия шароити будубоши муҳоҷирон дар кишварро сабуктар ва заминаҳои ба рӯйхати сиёҳ ворид кардани онҳоро коҳиш медиҳанд.
"Дар Русия аз 1 январи соли 2024 дар назар аст, ки тақрибан тамоми расмиёти муҳоҷират тағйир дода шавад. Ин шароит ва тартиби будубоши муҳоҷиронро осон мекунад", - гуфт ӯ.
Сафири Русия: муҳоҷират бояд қонунӣ ва муташаккил бошад
Демиденко аз ҷумла тавзеҳ дод, ки пешниҳод шудааст, ки дараҷаи ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста ба вазнинии онҳо муқаррар карда шавад. Агар ҳуқуқвайронкунии хурд бошад, мувофиқан манъи вуруд дар пай нахоҳад дошт, илова намуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ноиби раиси ҳукумати Русия, Алексей Оверчук, низ ахиран дар ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ФР ва Тоҷикистон дар Душанбе аз сабукиҳо дар ин бахш хабар дод.
Ба гуфта ӯ, бар асоси тағйироти тарҳрезишуда интизор меравад, муҳоҷир бевосита имкон дорад, мустақилона раваду худро дар қайд монад. Зарурати шахсан рафтани худи соҳиби хона, ки манзилро ба муҳоҷир ба иҷора медиҳад, аз байн меравад, тавзеҳ дод мақомдори Русия.