ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ахиран дар Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд дар бораи беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки зиёда аз 140 лоиҳаҳои инвестисионӣ ба мабалғи умумии зиёда аз 4,9 млрд. доллар ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ворид карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ини маврид тасдиқ гардидааст.
Мақомоти Суғд хабар додааст, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 268,2 млн. доллар ҷалб карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,6%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар вилояти Суғд аз рӯи ҳисоботи Раёсати андози вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ аз аввали бақайдгирӣ 112341 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд 17805 нафарро ташкил дода, шумораи субъектоне, ки тибқи Шаҳодатнома фаъолят мебаранд дар давраи ҳисоботи 77856 адад ва бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус 16680 нафарро ташкил додааст.