ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Барномаи ҳунарии солинавӣ дар шаҳри Душанбе соати 20:30 дақиқаи 31 декабр оғоз мегардад, хабар дод идораи фарҳанги шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, макони асосии базмҳои солинавӣ майдони "Истиқлол"-и пойтахт интихоб гардидааст.
Шаҳрдорӣ афзуд, ба шоу-барномаи солинавӣ беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.
Ҳамзамон баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ дар майдони "Истиқлол" ба муддати 5 дақиқа оташбозии идона ё худ мушакпарониии ранга роҳандозӣ мегардад.
Барномаи фарҳангии солинавии Душанбе бо майдони "Истиқлол" маҳдуд нашуда, дар маконҳои дигари ҷамъиятии пойтахт низ ба нақша гирифта шудаанд. Таъкид гардидаст, ки ҳамаи 4 ноҳияи пойтахт барномаҳои ҳунарии худро хоҳанд дошт.
Дар назар аст, ки дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барномаҳои фароғатӣ пешниҳоди шаҳрвандон карда шавад.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Исмоили Сино ва майдони назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ макони барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ интихоб шудаанд.
Дар баробари ин тибқи анъана дар назар аст, ки дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи рангини афсонавии "Шаҳри муъҷизаҳо" барои хонандагони мактаб - интернатҳо пешниҳод мегардад.
Ба муҳассилини мактаб-интернатҳо аз номи шаҳрдори Душанбе туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешаванд.