ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ мулоқот кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорат хабар дод.
Григорев зимни мулоқот аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро барои таҳкими равобити иттифоқӣ миёни ду кишвар қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, омодагии ҷониби Русия ба густариши ҳамкорӣ дар ифтитоҳи Маркази бисёрсамтаи муҳоҷирати Маскав дар Душанбе ва имзои як ёддошти ҳамкорӣ миёни хадамоти шиносномаву раводиди Федератсияи Русия ва Вазорати меҳнати Точикистон нишон медиҳад.
Нодирӣ ба сатҳи кори муштарак бо ниҳодҳои манфиатдори Русия, аз ҷумла ба таври ташкили ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кор дар Федератсияи Русия баҳои баланд дод.
Самтҳои асосии ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати бунёди низоми судманди муҳоҷирати қонунӣ муайян карда шуданд.
Григорев дар хотима Шахноза Нодирӣ ва тамоми ҳайати Вазорати меҳнати ҷумҳуриро бо Соли нав табрик кард.