Карзай хостори гуфтугӯи байнулафғонӣ шуд

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар мусоҳиба бо “Вашингтон пост” гуфтааст, ки музокироти байни афғонҳо барои толибон низ муфид аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Гуфтугӯҳо миёни афғонон ҳам ба сӯди Иморати исломӣ ва ҳам ба сӯди Афғонистон аст, гуфт раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай дар гуфтугӯ бо “Вашингтон пост”.
Вай афзудааст, ки ниёз аст то афғонҳо дар бораи бархе аз мавориди боҳам ба тавофуқ барисанд ва заминаро ба сӯии пешрафти фароҳами созанд.
Оқои Карзай гуфтааст, ки дар бораи ниёзи гуфтугӯҳо миёни афғонон аз сӯии Иморати исломӣ низ тавофуқ вуҷӯд дорад, аммо дар бораи оғозу анҷоми он пешрафт лозим нашуда аст.
Ҳомиди Карзай аз мунҷамид мондани захоири арзии Афғонистон ва ихтисос додани бархе аз ин захоир ба бастагони ҷонбохтагон ва бозмондагони ҳамлаи ёздаҳуми сентябр, интиқод кардааст.
Оқои Карзай фирори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин аз кишварро иллати суқути низоми ҷумҳурият медонад.
Нахустин сафари хориҷии Карзай пас аз яку ним соли хонанишинӣ
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисиҷумҳури собиқи Афғонистон ба "Толибон" машварат дода буд, ки онҳо ба зудӣ як ҳукумати фарогир ташкил кунанд.
"Ҳукумат ба унвони сарпараст эълон шудааст. Умед ин буд, ки ҳамашумул бошад ва кӯшиш низ ин ҳаст, ки ҳамашумул шавад",- гуфтааст Карзай.
Ёдовар мешавем, 7 сентябри соли гузашта толибон кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд.
Мавриди зикр аст, ки то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибонро эътироф накардааст.