Бе боришу бо тормеғ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 5 дараҷа гарм, дар Суғд то 7 дараҷа, дар Хатлон то 11 ва Душанбею навоҳии атроф то 13 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳавои ВМКБ бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона то 1+6 дараҷа гармӣ мерасад.
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Хатлонро низ ҳавои бидуни бориш аммо дар бархе навоҳӣ тормеғ дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+1 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар бархе навоҳии куҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бориши сусти борон ва барф ба амал омада, ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм дар назар аст.