ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Рӯзи дуюми президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Санкт-Петербург аз субҳонаю сайҳат дар Осорхонаи русӣ оғоз гардид.
Мудири осорхона ба Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ИДМ мусавараҳои бузургтарин махзани таъриху фарҳанги Русияро намоиш дод.
Миёни кишвардорон, президентҳои Туркманистону Озарбойҷон, Сардор Бердимуҳаммадов ва Илҳом Алиев қарор надоштанд,ки шоми рӯзи аввали мулоқоти ғайрирасмӣ ба кишварҳояшон баргаштанд.
Дар вохӯрӣ дар Осорхонаи русӣ дар Санкт-Петербург, дар баробари Раҳмону роҳбари кишвари мизбон, инчунин роҳбарони Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Арманистон - Никол Пашинян иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин дидор бо ташаббуси президенти Русия, Владимир Путин рӯзҳои 26 ва 27 декабр дар Санкт-Петербург баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи аввали мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор карданд.
Масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ арзёбӣ шуданд, афзуд манбаъ.
Президенти Русия дар аввали мулоқот изҳор дошт, ки кишварҳои ИДМ омодаанд масъалаҳои мушкилро ҳал кунанд. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ, ба гуфтаи Путин, таъмини амният ва субот дар минтақаи Авруосиё мебошад.
"Мутаассифона, чолишҳо ва таҳдидҳо дар ин замина, сол а сол пеш аз ҳама аз хориҷ бештар мешавад. Мо бояд иқрор кунем, ки ихтилофот байни кишварҳои узви Иттиҳод низ вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.
Аммо ба таъкиди Путин асосӣ ин аст, ки кишварҳои ИДМ омодаи ҳамкориянд, ҳатто агар баъзе масъалаҳои мушкил ба миён оянд ҳам, барои ҳалли онҳо бо кумаки дӯстона ва миёнаравӣ мекунанд.