Нотакрору гарм ва пурэнержӣ: дар Маскав консерти Далер Назаров баргузор шуд

Консерти деринтизори Далер Назаров дар Маскав касеро, ки омада буд, бо шуру шавқе, ки дошт, ноумед накард. Ҳунарманд се соати расо гулчини таронаҳояшро сароид
Sputnik
Дар Маскав консерти Далер Назарови ба таври афсонавӣ баргузор шуд. Мухлисони эҷодиёти навозанда, рафиқон, ҳамсинфон — ҳама мунтазири вохӯрӣ бо ҳунарманди дӯстдоштаи худ буданд.
Боздиди устод ба Маскав бояд ҳанӯз соли 2019 сурат мегирифт, вале баъдан ба далели пандемия ба таъхир афтод.
Аз ҳайкалтарош то суфӣ: Далер Назаров маскавиҳоро бо ҳунарнамоияш ба ваҷд овард
Ин дафъа ҳунарманд барномаи сесоатаи эҷодиёти фарҳангии солҳои гуногунро гирд оварду пешкаши ҳозирин сохт.
Сурудҳо ба забонҳои тоҷикӣ, помирӣ, ӯзбекӣ ва русӣ садо доданд — чапакзании пурмавҷ ба толорро фаро гирифтаву хомӯш намешуд.
Зиёда аз 800 нафар шунавандагон навозандагонро бо чапакзании пурмавч пешвоз гирифта, бо як овоз суруд ҳамхонӣ мекарданд.