Дар Ленинград афроди ношинос мехостанд се муҳоҷири тоҷикро оташ зананд

Илова бар ин, афроди ношинос ба ҳудуди манзиле, ки муҳоҷирони корӣ дар онҷо кор мекарданд, тирандозӣ карда, сипас аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар вилояти Ленинград афроди ношинос сохтмонеро тирборон карда, мехостанд бо се муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки дар онҷо кор мекарданд, оташ зананд.
Ба гуфтаи пулис, талафот ё захмӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳоло масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ҳодисаи изтирории шаби 27 декабр баррасӣ мешавад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳодиса дар деҳаи Свирстройи ноҳияи Лодейнопилск рух додааст.
Даъвати Колоколтсев дар бораи пурзур намудани назорати ҷиноятҳои муҳоҷирон
Гуфта мешавад, ки ду марди ношинос ба бинои 16, ки дар кӯчаи Клинтсов Кара сохта мешавад, наздик шуда, яке аз онҳо шишаеро бо латтаи даргиронда ба сӯи хона партофт ва дуюмӣ аз дастгоҳи номаълум се тир холӣ кард.
Дар ин лаҳза се шаҳрванди Тоҷикистон дар он ҷо кор мекарданд, ки ба таъмири бино машғул буданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи барф се гилзаи патронҳои 9 миллиметрӣ, порчаи матои дорои осори сӯхта ва як шиша пластикии 0,5 литрӣ бо моеъи шаффоф пайдо карданд.
Ҳоло ангезаҳои ҳамлагарон ва ҳуввияти онҳо таҳқиқ мешавад.