ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда ва асосан бебориш хоҳад шуд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти сусти борон ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм дар назар аст.
Хатлонро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар минтқаҳои куҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ борону барфрезии суст пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.