ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар толори "Известия холл"-и Маскав консерти ҳунарманди номдори ду аср, маэстро Далер Назаров баргузор шуд.
Гарчанде, рӯзи консерти ин ҳунрманди асил ба нахустин рӯзи ҳафта, ки серкортарин барои мардуми Маскав аст, рост омад, ва нархи чиптаҳо наонқадар арзон (аз 2500 то 15 ҳазор рубл) буд, вале толор пур аз мухлисон шуд.
Аз дари даромад тамошобинонро духтарони кокулдароз бо тоқиҳои зардӯзии тоҷикӣ пешвоз мегирифтанду то ҷойи нишасташон ҳамроҳӣ мекарданд.
Чунин менамуд, ки кас дар Тоҷикистон қарор дорад, вале ҳузури намояндагони миллатҳои гуногун аз қабили русҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, афғонҳо, эрониҳо ва дигарон боз аз пойтахти Русия дарак медод.
Далер Назаров тавонист бори дигар кишварҳои пасошуравиро якҷо кунад.
"Моро ба ин ҷо ишқ овард ва мо барои васл кардан омадаем", -гуфт Далер Назаров.
Ин консерт барои мардуми Маскав хеле деринтизор буд. Чун охирин ҳунарнамоии Далер Назаров дар пойтахти Русия соли 2019 баргузор шуда буд. Соли 2020 бошад, ба далели авҷи коронавирус консерти маэстро дар Русия лағв шуд.
Аслишо Акимбеков созмондиҳанда ва ровии барномаи ҳунарӣ гуфт, бархе аз мухлисони Далер чиптаҳоро ду сол пеш харидорӣ карданд ва то кунун интизори консерт буданд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин консерт барои мардуми Русия ба вижа тоҷикони муқими Маскав муҳимтарин чорабинии фарҳангии соли 2022 аст.
Миёни тамошобинон элитаи фарҳанги Тоҷикистону дигар кишварҳо аз қабили, коргардони номӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ Давлат Худоназаров, корманди хизматнишондодаи санъати Русия Наум Ихилевич Клейман, ғижжакнавози машҳур Ноҳид Зайналпур, овозхони шинохта Беҳрӯз Зеваров ва дигарон ҳам буданд.
"Ман Далерро аз кӯдакӣ мешиносам. Ӯ бояд ҳайкалтарош мешуд. Ӯ бисёр ҳунари хуб дошт. Вале, муҳим нест, ки ӯ ҳайкалтарош шуд ё конпозитор, муҳим ин аст, ки ин шахс ба иниқадар мардуми зиёд шодӣ мебахшад", - гуфт Наум Ихилевич дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Аксари тамошобинон, бо телефонҳои ҳамоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ консертро ба дӯстонашон намоиш медоданд. Ба консерти Далер Назаров дӯстону пайвандон, мухлисон, ёру ҳамсояҳои маэстро аз шаҳри Маскав ва вилоятҳо ва дигар шаҳрҳои Русия омада буданд.
Бузургтарин мухлиси Далер аз 80 гузашта буду хурдтаринаш ҳамагӣ ду сол дошт.
"Мо ҳамроҳи Далер Назаров дар як ҳавлӣ бузург шудем. Ман ҳамроҳи хонавода ва модарарӯсам, ки беш аз 80 сол дорад аз шаҳри Санкт-Петербург ба ин консерт омадем. Бароямон дидор бо Далер хушбахтии бузург аст", - гуфт дӯсти овозхон Хушқадам дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои Аслишо Акимбеков, дар консерти Далер Назаров беш аз 800 тамошобин ҷамъ омада буданд.
Фазои толори консертӣ бисёр орому дилкаш буд. Далер Назаров сурудҳои нав ва пешинаи дӯстдоштаниро сароид.
Ӯ бо сурудҳои "Бедор шав", "Сад роҳи интизорӣ", "Рӯдакӣ", "Биёед", "Агар он турки шерозӣ" ва "Нури Худо" то тору пуди мухлисон роҳ меёфту онҳоро то авҷи фалак мерасонд ва худ суфиеро мемонд, ки зери мусиқӣ маст шуда ва мечархад ва бо сурудҳои ошиқонааш чун "Дар шаршараи мӯят", "Идат то", "Чак-чаки борон", "Чашми кабуди суғдӣ" ва дигарон ҷавони ошиқеро ба назар меовард.
Дар баробари сурудхонӣ Далер Назаров наю чанг ҳам ба даст мегирифт, ки аз ҷониби мухлисон бо кафкубиҳои хос пазироӣ мешуд. Ҳар як овозкашиҳои Далер Назаров мухлисонро ба ваҷд меовард ва таҷҳизоти равшанидиҳанда бо ҷур шудан ба ин овозкашиҳо ба консерт ҷаззобияти махсус мебахшид.
“Далер Назаров як ҳунарманди нотакрорест, ки воқеан муҳаббати чандин наслро, дар бисёре аз кишварҳои дунё ба даст овардааст! Ҳар як офаридаи ӯ шоҳасар аст! Бо шунидани сурудҳои лирикии ӯ чунин илҳоми рӯҳонӣ меояд, ки касро то авҷи осмон мебарад”, - гуфт Ноҳид Зейналпур дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Далер ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва шуғнонӣ сароид. Маълум буд, ки аксарияти мухлисон ин забонҳоро хуб балад набуданд, вале ҳамагонро мусиқии асил якҷо карда буд.
"Мусиқӣ, зиндагӣ, ишқ - калимаҳои ҳаммаъноянд. Мусиқӣ сарҳад надорад. Мо имрӯз бо сабабҳои гуногун дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба сар мебарем, вале ҳамаи моро мусиқӣ ва меҳру муҳаббат ба ҳам меорад", - гуфт Далер Назаров.
Ногуфта намонад, ки Далер Нааров яке аз камтарин ҳунармандон аст, ки навозандаҳояшро хеле қадр мекунад ва дар ҳар лаҳзаи мувофиқ таваҷҷуҳи мардумро ба онҳо ҷалб месозад. Гоҳе ба назди гиторнавоз мераваду гоҳе бо чанг барои таблнавоз нағма мекунад. Чунин менамояд, ки дар саҳна як хонаводае ҷамъ омадааст, ки ба ҷаҳон меҳру муҳаббат мебахшад.
Беш аз се соат Далер Назаров бо овози зинда, рӯзи 26 декабр дар Маскав ҳунарнамоӣ кард, ки то дер боз дили "хунукзада"-и мухлисонро гарм нигоҳ хоҳад дошт.