Ангуштарӣ - туҳфаи солинавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар Санкт-Петербург

Роҳбарони 9 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ангуштаринҳои махсус ба муносиботи Соли нави мелодиро ба сифати туҳфа гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Нуҳ ангуштарии махсус бо рамзи ИДМ ҳамчун туҳфаи солинавӣ барои роҳбарони кишварҳои узви ин созмон омода шудаанд.
Таъкид шудааст, ки туҳфаҳои солинавӣ дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла ба президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ тақдим гардиданд.
Нахустин шуда ангуштарии хосро намояндагонирасонаҳо дар ангушти президенти Белорус, Александр Лукашенко мушоҳида карданд. Баъдан маълум шуд, ки ин туҳфаи солинавиро ҳамаи роҳбарони иштирокдори мулоқоти ғайрирасмӣ гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин дидор бо ташаббуси президенти Русия, Владимир Путин рӯзҳои 26 ва 27 декабр дар Санкт-Петербург баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои Иттиҳод мубодилаи афкор карданд.
Путин: Кишварҳои ИДМ омодаанд масъалаҳои муҳимро ҳал намоянд – видео
Масоили марбут ба вазъи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ арзёбӣ шуданд, афзуд манбаъ.
Президенти Русия дар ин мулоқот изҳор дошт, ки кишварҳои ИДМ омодаанд масъалаҳои мушкилро ҳал кунанд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ, ба гуфтаи Путин, таъмини амният ва субот дар минтақаи Авруосиё мебошад.
"Мутаассифона, чолишҳо ва таҳдидҳо дар ин замина, сол а сол пеш аз ҳама аз хориҷ бештар мешавад. Мо бояд иқрор кунем, ки ихтилофот байни кишварҳои узви Иттиҳод низ вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.
Аммо ба таъкиди Путин асосӣ ин аст, ки кишварҳои ИДМ омодаи ҳамкориянд, ҳатто агар баъзе масъалаҳои мушкил ба миён оянд ҳам, барои ҳалли онҳо бо кумаки дӯстона ва миёнаравӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти ғайрирасмӣ сарони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус иштирок дооштанд.