ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъди рӯзи ид гузаронида мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ҳамин тавр ба иттилои манбаъ, дар соли 2023 рӯзҳои 1 январ ва 9 сентябр ба рӯзҳои истироҳат рост меоянд, аз ин рӯ рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъди рӯзи ид гузаронида мешавад, яъне ба 2 январ ва 11 сентябр.
Ҳамзамон, дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатии 18 март, 6 май ва 24 июн мутаносибан ба рӯзҳои 20 март, 8 май ва 26 июн гузаронида шуданд.
Инчунин вазорат хабар додааст, ки дар арафаи рӯзҳои ид (ғайрикорӣ) ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ барои ҳамаи кормандон на камтар аз як соат кӯтоҳ карда мешавад, ки дар соли 2023 ин рӯзи 8 сентябр рост меояд.
Дар моҳи январи соли 2023 ҳангоми ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ бо 1 рӯзи ид - истироҳатӣ 21 рӯзи корӣ ва 9 рӯзи истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
“Дар соли 2023 ҳангоми ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ бо 12 рӯзи ид- истироҳатӣ, 248 -рӯзи корӣ ва 105 рӯзҳои истироҳат мебошад”,- таъкид кардааст вазорати меҳнат.
Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзҳои ғайрикорӣ (ид) дар Тоҷикистон инҳо мебошанд:
1 январ - Соли нав;
8 март - Рӯзи модар;
21- 24 март – Иди байналмилалии Наврӯз;
9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6 - ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Рӯзи иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
Рӯзи иди Қурбон - ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.