То 13 дараҷа гарм: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 5 дараҷа, дар Суғд то 7, дар Хатлон то 11, дар Душанбею навоҳии атроф то 13 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Ҳаво дар Тоҷкикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Дар Хатлон ни ҳаво тағйирёбанда шуда, боришот дар назар нест. Танҳо дар бархе навоҳӣ тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳавои Душанбе низ тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм дар назар аст.