Соли 2023 чигуна хоҳад буд?: Пешгӯии Лукашенко

Раисҷумҳури Беларус дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони ИДМ, ки дар Санкт-Петербурги Русия мегузарад гуфт, соли 2023 хушбахттарин ва муваффақтарин хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Соли 2023 хушбахттарин ва муваффақтарин хоҳад буд иброз дошт, раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, пас аз ворид шудан ба нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург дар мусоҳиба бо хабарнигорон.
“Президент ба суоли рӯзноманигорон, ки соли 2023 чигуна хоҳад буд, посухх дод: “Хушбахттарин ва муваффақтарин. Нигарон набошед ҳамааш хуб мешавад”, - иттилоъ додааст хабаргузории Белта.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.
Солгарди ИДМ: он чӣ гуна таъсис ёфт? - видео
Ин ҷаласа бо ибтикори Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сурт гирифтааст. Дар ин нишаст сарони Беларус Александр Лукашенко, Озарбойҷон Илҳом Алиев, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян иштирок доранд.
ДАр ин ҷаласа сарони ИДМ натоиҷи кор дар соли 2022-ро баррасӣ намуда нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар самтҳои муҳимтарин барои Иттиҳод баррасӣ хоҳанд кард.