ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Сармояи оинномавии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба андозаи 150 млн сомонӣ зиёд карда мешавад.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран ба имзо расонда, Вазорати молияро барои ҷудо намудани ин маблағ муваззаф кардааст.
Сарчашмаи ин маблағҳо Хазинаи муътадилсозии рушди иқтисодӣ муқаррар карда шудаст.
Раёсати нерӯгоҳи "Роғун" муваззаф шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин карда, ба Вазорати молияи кишвар ҳисоботро пешниҳод намояд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёмаш ба парлумон дар мавриди "Роғун" гуфт, сохтмони он бомаром пеш рафта истода, бо ин мақсад дар соли 2022-юм беш аз 3 млрд сомонӣ равона гардид.
Вай қаблан зикр намуда буд, ки дар маҷмуъ барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" тайи солҳои 2008-2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 млрд сомонӣ равона шудааст.
Вай масъулини нерӯгоҳ ва мақомоти дахлдорро вазифадор карда буд, ки барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, дар соли 2023 зиёд намудани шумораи ширкатҳо ва кормандон дар асоси озмун ва бо риояи талаботи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Феълан ба гуфтаи президент дар нерӯгоҳи "Роғун" бояд ҳудуди 20 ҳазор коргар фаъолият кунанд, аммо амалан ба далели камбуди нерӯи корӣ 12,5 ҳазор нафар машғули сохтмони онанд.