Аз тариқи корти Амонатбонку нақд: Ҳамаи ниёзмандон маоши ҳадди ақал хоҳанд гирифт

Идораю вазоратҳои Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки маблағҳои ҷудогардида барои кумакҳои якдафъаинаро ба ниёзмандон мақсаднок истифода баранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон феҳрасти афроди ниёзманди кишварро тасдиқ карда, барои пардохти кумакпулии якдафъаина ба онҳо дар ҳаҷми як маоши ҳадди ақал қарор кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат дар ин бора, "Амонатбонк"-ро муваззаф кардаст, ки аз тариқи кортҳои бонкӣ маблағҳои мазкурро интиқол диҳад ва ба онҳое, ки корт надорад, нақдинаро расонад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 600 сомониро ташкил дода, интизор меравад, ҳамаи ниёзмандон то охири соли равон онро дастрас кунанд.
Ахиран раисҷумҳур дар паёмаш ба парлумон изҳор дошта буд, ки кумакпулӣ ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар дар ҳаҷми 600 сомонӣ дода мешавад, ки нахустин бор дар таърихи кишвар мебошад.
Баргузории чорабиниҳои солинавӣ барои қишри ниёзманди ҷомеа дар вилояти Суғд
Дар феҳрасти онҳое, ки кумакпулиро дарёфт мекунанд, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ зикр мегарданд.
Бо мақсади пардохти ин кумакпулӣ 285 млн сомонӣ равона мегардад, изҳор дошта буд дар паём Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳукуматро муваззаф кард, ки барои аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат чораандешӣ намояд.
Яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд, тавзеҳ дод раисҷумҳур.