ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва бебориш шуда, фаромаданаи тормеғ пешгӯӣ мешавад.
Бар хабари Оҷонсии обуҳавошиносӣ, дар ғарби ВМКБ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳаво дар вилояти Хатлон шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.