ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вилояти Ярославл дар байни муҳоҷирон маъруфтар шудааст. Шумораи хориҷиёне, ки бори аввал ба минтақа дар соли 2022 омадаанд, нисбат ба соли қаблӣ 30% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии равобити байни миллатҳои назди раиси вилоят зикр гардид.
Ҳамин тариқ, гуфта шуд, ки дар 11 моҳи соли 2022 дар вилоят 78 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумор ҳудуди 28 ҳазор нафар шаҳрвандон бори аввал вориди вилоят шудаанд.
Ба гуфтаи Дмитрий Соловёв, мушовири губернатор оид ба масъалаҳои миллӣ, дар як қатор соҳаҳо сифати зиндагӣ аз сатҳи миёнаи Русия пештар аст.
"Дар ҳоли ҳозир вазъи байни миллатҳо дар минтақа мӯътадил арзёбӣ мешавад. Сатҳи ихтилофот миёни мардуми бумӣ ва намояндагони миллатҳои мухталиф, ки ба вилояти Ярославл меоянд, паст аст", - гуфт ӯ.
Ба Ярославл асосан шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина меоянд. Онҳо дар истеҳсолот, сохтмон, савдо, кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва меҳмонхонаҳо кор мекунанд.