Мисли асрҳои миёна: духтарони афғон барои ҳуқуқи таҳсил мубориза мебаранд - акс

Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон амр додааст, ки таҳсили занон дар донишгоҳҳо - чи давлатӣ ва ҳам хусусӣ - мутаваққиф шавад
Sputnik
Толибон ин мамнӯъиятро бо чанд далел, бахусус, риоя накардани талаботи ҳиҷобпӯшии донишҷӯдухтарон шарҳ доданд.
Ин тасмим боиси эътирозҳо дар Кобул шуда, садо занон ба кӯчаҳо рехтанд, вале зуд аз сӯи гурӯҳи "ОМОН-и занона" пароканда шуданд. Ҳамчунин толибон панҷ нафар, аз ҷумла се харбарнигорро боздошт намуданд.
1 / 8

Донишҷӯдухтари афғон дар назди донишгоҳи вилояти Қандаҳор.

2 / 8

Нерӯҳои амниятии толибон намемонанд, ки донишҷӯдухтарон вориди донишгоҳи Кобул шаванд.

3 / 8

Духтарони афғон, ки ҳамакнун аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳ маҳрум монданд, маъюсона аз пеши донишгоҳ гузаштанд.

4 / 8

Мардони мусаллаҳ садҳо ҷавондухтаронро дар даромадгоҳи кампусҳои донишгоҳҳои Афғонистон боздоштанд.

5 / 8

Занону бонувони афғгн барои изҳори нигаронӣ аз тасмими толибон ба кӯчаҳо рехтанд, вале зуд аз сӯи "ОМОН-и занона" пароканда шуданд.

6 / 8

Ваҷиҳа Қозимӣ, донишҷӯи донишгоҳи шаҳри Кобул, ки то маҳдуд шудани таҳсил барои духтарон дар ӯъбаи молияи дарс мехонд

7 / 8

Қаблан, синфхонаҳоро ба ду қисмат тақсим карданд, вале маълум шуд, ки ин ҳам натиҷа надод ва толибон билкул таҳсили духтаронро маҳдуд намуданд.

8 / 8

Ситора Фараҳманд, донишҷӯи Донишгоҳи Кобул тасмими ахири толибонро маҳкум мекунад