ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Қонун иҷозаи кор ба афроди дорои душаҳрвандӣ дар муассисаҳои давлатии Русия ва мақомоти маҳаллӣ аз ҷониби Шӯрои Федератсия Русия тасвиб шуда аст.
Ин қавонин то 30 июни соли 2024 эътибор дорад.
Тибқи қонуни нав, ҳар шаҳрванди Русия, ки шаҳрвандии дуюмаш бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда қатъ нашудааст, метавонад дар ин кишвар хизматчии давлатӣ шавад.
Қайд карда шудааст, ки хизматчиёни давлатӣ, мақомдорони маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва хизматчиёне, ки шаҳрвандии давлати хориҷиро доранд, метавонанд то 30 июни соли 2024 хизмат кунанд ё дар мансабҳои гуногун кор кунанд.
Агар муҳоҷир пас аз ин мӯҳлат дар давоми 5 рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қатъи шаҳрвандии хориҷиашро пешниҳод накунанд, онҳо аз вазифаашон озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дорои душаҳрвандӣ ҳастанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Русия дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 119 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтанд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 нафар ва ҳар се моҳ 45,5 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд.