ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар шароити печидагии равандҳои геополитикӣ, афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз, Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозину санҷидаро идома медиҳад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумон баён дошт.
"Давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати "дарҳои кушода"-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай гуфт, идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.
Президенти Тоҷикистон инчунин азмашро барои таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА, СҲИ ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.
Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.