Раҳмон гуфт чигуна метавон дар зарфи панҷ сол аҳолиро пурра ба кор таъмин кард

Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар барои таъмини аҳолӣ ба кор дар зарфи панҷ сол ҳар сол бояд дар Тоҷикистон 500 корхона бунёд шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо фарогирии 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошанд, дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардидааст, гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар.
Дар соли 2022 шумораи ин корхонаҳои саноатӣ ба 2800 адад бо 85 ҳазор ҷойи кор расидааст.
“Агар мо дар зарфи панҷ сол ҳар сол 500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд кунем, барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мусоидат менамояд”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо шаш ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намудаанд.
Дӯстӣ бо ҳама: Раҳмон сиёсати Тоҷикистонро дар шароити низоъю мухолифатҳо баён дошт
Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумони кишвар супориш дод, ки дар соли 2023 дар шаҳри Душанбе бояд марҳила ба марҳила 4 корхонаи истеҳсолу коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани металлҳои қиматбаҳо сохта, ба истифода дода шавад.
“Металлҳои қиматбаҳои ватанӣ то ҳаҷми се тонна дар шаҳри Душанбе бояд коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонида шуда, барои мардум ва содирот пешкаш карда шаванд”, — зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон ба ҳукумат супориш дод, ки ба масъалаи истихроҷи коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла, сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳамияти хосса дода, Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани онро таҳия ва амалӣ созанд.