Худтаърифкунӣ нест: Раҳмон вазъ дар ҷаҳонро мураккабу дар Тоҷикистонро муътадил хонд

Сарфи назар аз таҳаввулоти манфӣ дар ҷаҳон Тоҷикистон тавонистааст, дар пайи тадбирҳои зиддибуҳронӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ даст ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Расиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш дар парлумон аз дастовардҳои кишвар гуфта, таъкид намуд, ки ин худтаърифкунӣ нест.
Ӯ изҳор дошт, ки дастёбии Тоҷикистон ба пешрафтҳо дар ҳолест, ки вазъ дар ҷаҳон мураккабу ҳассос мебошад.
Ба гуфтаи Раҳмон, феълан инсоният дар вазъи мураккабтарину ҳассоси тайи сад соли охир қарор дорад, бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва паёмади тағйири иқлим ба иқтисоди шиддат ёфта, яроқнокӣ вусъат ёфтааст.
Вай илова намуд, ки дар шароити таҳримҳо, нархҳо бесобиқа, аз ҷумла нархи маводи ғизоӣ боло рафт.
Паёми президенти Тоҷикистон ба парлумон - видео
Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, рушди қтисоди миллӣ дар сатҳи 7,3% тайи 5 соли охир таъмин гардид, изҳор дошт Раҳмон.
Президент бо ироаи рақамҳо дар мавриди пешрафтҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра изҳор дошт, ки ин худтаърифкунӣ нест.
Вай ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла деҳқонон миннатдории худро баён кард, ки мардумро дар соли мушкилтарин барои таърихи инсоният бо ғизо рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намуданд.
Президент дар хитоб ба мақомдорони давлатӣ таъкид намуд, ки агар софдилонаю меҳнат кунанд, рушди Тоҷикистон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд, чун тамоми зарфияту имкониятҳо барои ин мавҷуданд.