ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо тавоноии 11 МВт дар шашмоҳаи аввали соли 2023 мавриди истифода қарор дода мешавад, иттилоъ додааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.
Манбаъ қайд кардааст, ки нерӯгоҳ барои беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва афзоиш додани содироти он ба деҳоти наздисарҳадии давлати ҳамсояи Афғонистон мусоидах хоҳад кард.
Лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 2 августи соли 2019, Тоҷикистон ва Олмон тавофуқномаеро ба имзо расонданд, ки тибқи он Олмон барои сохти неругоҳи Себзор 17 миллион евро кумак хоҳад кард.
Ҳамчунин дар 2-уми декабри соли 2019, қарордоди молӣ барои сохти ҳамин неругоҳ байни давлатҳои Тоҷикистон ва Суис ба имзо расида буд. Бар пояи ин қарордод Суис барои бунёди хати интиқоли 110 килловватаи неругоҳи Себзор - Хоруғ, ба арзиши 9.55 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Илова бар ин, Бонки Ҷаҳонӣ ҳам барои санҷиши зарфият ва тавонманди хати интиқоли барқи неругоҳ 1 миллиону 900 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумак кард.
Нерӯгоҳи барқи обӣ дорои иқтидори насбшуда барои тавлиди 77,6 ГВт/соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд ва барои беҳтар кардани дастрасии аҳолии деҳоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба нерӯи барқи устувор, боэътимод ва дастрас замина мегузорад.