Рогозин бар асари тирборони як меҳмонхонаи Донетск захмӣ шудааст

Раҳбари пешини "Роскосмос" Дмитрий Рогозин ҳангоми тирборон кардани меҳмонхонае дар дар ноҳияи Ленини канори Донетск маҷрӯҳ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Меҳмонхонае, ки дар он як гурӯҳи мушовирони низомӣ, аз ҷумла Дмитрий Рогозин ҷойгир буд, дар Донетск мавриди ҳамла қарор гирифт.
Раҳбари собиқи "Роскосмос" аз пушташ захмӣ шуда, ба ҳаёти ӯ ҳеҷ хатаре нест, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ёвари ӯ.

"Дар канори Донетск як меҳмонхонае тирборон шуд, ки моҳҳои ахир дар он гурӯҳе аз мушовирони низомӣ, аз ҷумла Дмитрий Рогозин ба сар мебурданд... Худи Дмитрий Рогозин аз пушташ захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст", - афзуд вай.

Мавсуф тавзеҳ дод, ки ба ҳаёт ӯ таҳдиде вуҷуд надорад ва афзуд, ки афроди ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳатҳои вазнини гуногун бардоштаанд.
Ҳушдори Рогозин ба Маск аз паёмади додани интернет ба артиши Украина
Ба гуфтаи ӯ, зарбаҳо бо аслиҳаи дақиқи идорашаванда анҷом дода шудаанд, ки тахминан аз як тупхонаи худгарди 155 миллиметрии Caesar сурат гирифтааст.
Қаблан Рогозин гуфта буд, мошине, ки дар он буд, дар самти Угледар мавриди оташи нерӯҳои украинӣ қарор гирифтааст.