Танҳо барои дӯстон: Думаи давлатӣ савдои асъорро барои бонкҳои хориҷӣ мекушояд

Думаи давлатӣ иҷозаи иштирокчиёни хориҷӣ - бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва брокерҳоро (миёнаравҳо дар биржа) ба савдои асъор дар Русия васеъ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Думаи давлатии Федератсияи Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки аз 1 январи соли 2023 имкон медиҳад, ки шумораи иштирокчиёни хориҷӣ дар савдои муташаккили асъор дар Русия зиёд карда шавад.
Ин санадро Анатолий Аксаков, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба бозори молия ва як гурӯҳи сенаторҳо пешниҳод кардаанд.
"Ташаббус барои рушди минбаъдаи бозори дохилии асъори Русия ва баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ омода шудааст", - гуфт манбаъ.
Лоиҳаи мазкур ба ҳукумат ҳуқуқ медиҳад, ки рӯйхати кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва брокерҳоеро, ки метавонанд дар савдои муташаккили асъор иштирок кунанд, тасдиқ намояд.
Тибқи тавзеҳот, дар муомилоти арзии Биржаи Маскав 21 бонки кишварҳои узви ИИАО ва ҳамчунин Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Акнун имкон дорад, ки ба бонкҳои кишварҳои дӯст иҷоза дода шавад, ки дар савдои абзорҳои молии ҳосилавӣ, ки дороии аслии онҳо асъор ва фоизҳо мебошанд, ширкат кунанд. Ин ба иштирокчиёни савдо имкон медиҳад, ки хавфҳои асъорӣ ва фоизиро ҳифз кунанд.
Бонки Русия нисбат ба бонкҳо ва брокерҳои хориҷӣ барои ворид шудан ба савдои муташаккили асъор талабот муқаррар карда, инчунин барои муомилоти онҳо маҳдудият ҷорӣ мекунад.
Иқтисоддон сарнавишти доллар ва сомонӣ дар биржаи Маскавро пешгӯӣ кард
Қобили зикр аст, ки аз соли 2010 дар биржаи Маскав муомилот бо асъори кишварҳои узви ИИАО (тенге, рубли белорус, юан, лираи туркӣ) сурат мегирад. Дар моҳи июни соли 2022 муомилот бо драми арманӣ ва ранди Африқои ҷанубӣ, дар моҳи сентябр бо суми ӯзбек ва дар моҳи октябр бо сомонии тоҷикӣ оғоз шуд.
Талаботи зиёд ба муомилот бо дигар асъори миллӣ низ пешбинӣ шудааст.
Қабл аз ин қонун "Дар бораи савдои муташаккил" иҷозат дода буд, ки танҳо сокинони Русия ба чунин тиҷорат роҳ диҳанд. Ташкилотҳои молиявии ғайриқарзии Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИИАО, инчунин бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии кишварҳои берун аз ИДМ, ки дар дигар давлатҳо – шарикони тиҷорати хориҷии Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудаанд, наметавонанд дар савдо бо асъори хориҷӣ ширкат варзанд.