Матвиенко: Иқтисоди Русия ба таҳримҳои Ғарб устувор аст

Зарфияти иқтисодии Русия аз маҳдудиятҳои ҷорӣ кардаи Ғарб ҳеҷ осебе надидааст - иқтисоди Русия устувории зиёд нишон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Иқтисоди Русия нисбат ба он тасавуроте, ки Ғарб дошт устувор аст, гуфт дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия.
Таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди ин кишвар ҳеҷ таъсире нарасонидааст, ки раҳбарони Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба он умед доштанд.
"Иқтисоди мо дар солҳои ахир қавитар шуд. Иқтисоди мо устуворӣ дорад, ва он имконияти бузурги рушд кардан дорад, ки ҳоло ҳукумат барои талоши фаъол дорад", - гуфт дар нишасти матбуотӣ Валентина Матвиенко.
Ба гуфтаи вай, бино бар маҳдудиятҳои шадид, ки алайҳи Русия ҷорӣ кардаанд, кишвар на танҳо тавонист бо муваффақият ба он мубориза барад, балки "идораро аз даст надода, авлавиятҳои рушди минбаъдаи иқтисодиро муайян кард".
Коршинос: Аврупо танҳо ду роҳ дорад - марги иқтисод ё гуфтушунид бо Федератсияи Русия
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои Ғарб баъд аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина таҳримҳои шадиди зидди Русияро тақвият додааст. Ин боиси боло рафтани нархи нерӯи барқ, сӯзишворӣ ва ғизо дар Аврупо ва ИМА гардид.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин сиёсати боздоштан ва заъиф кардани иқтисоди Русияро як стратегияи дарозмуддат барои Амрико ва Ғарб медонад.
Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд. Кишвардори Русия кайд кард, ки максади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо сокинони кишвар мебошад.