Барфрезии сусту тормеғ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ 8 дараҷа, дар Суғд то 7 дараҷа, Хатлон то 11 дараҷа, Душанбею навоҳии тобеи атроф то 11 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон асосан абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони сусту барфрезӣ дар назар аст.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, истисно танҳо ВМКБ аст, ки ҳаво дар он ҷо тағйирёбандаи бебориз пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук дар назар аст.
Суғдро низ ҳавои абрнок фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм дар назар аст.
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Хатлонро низ ҳавои абрноу бархе навоҳиро бориши сусти борон дар пеш аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мегардад.
Дар қисматҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борони сусту барф ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар мавриди Душанбе иттилоъ дода шуд, ки ҳаво асосан абрнок шуда, рӯзона борони суст мебораду тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.