Санаи баргузории нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург маълум шуд

Сарони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар мулоқоти ғайрирасмӣ ҷамъ меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург барпо мешавад.
Дар ин бора раҳбари Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар Минск ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ҳамин тариқ, сарони кишварҳои ИДМ аз 26 то 27 декабр барои ду рӯз ба пойтахти шимолӣ парвоз хоҳанд кард.
"Умедворем, ки он (вохӯрӣ - ред.) низ ба таҳкими ҳамкориҳои мо такони иловагӣ хоҳад дод", - гуфт Лебедев.", - гуфт ӯ.
Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ баргузории нишасти ғайрирасмии соли нави сарони ИДМ-ро эълон карда, сарони кишварҳоро ба Санкт-Петербург даъват карда буд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ қаблан изҳори итминон карда буд, ки "бо вуҷуди чунин формати ғайрирасмӣ, раҳбарон метавонанд вазифаҳои соли баъди ва ояндаи дурро баррасӣ кунанд."
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков низ изҳор дошт, ки мулоқоти сеҷонибаи сарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон Владимир Путин, Илҳом Алиев ва Никол Пашинян аз эҳтимол дур нест, вале то ҳол “созишномаи мушаххас” вуҷуд надорад.
Аз Ғарб каму ба ИДМ ва СҲШ зам: Дастури сарвазири Белорус ба дипломатҳои кишвараш
Қобили зикр аст, ки дидори қаблии мушобеҳ, аммо расмии сарони давлатҳо 7 октябри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд.
Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмӣ аз сӯйи Владимир Путин, раҳбари Русия ироа шудааст, ки ҳамасола доир мешавад.
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват карда буд.