Муфтии Маскав кор бо муҳоҷиронро вазифаи аввалиндараҷа хонд

Илдар Аляутдинов дар бораи мушкилтарин масъалаҳо ва мушкилоте, ки назди Идораи рӯҳониёни мусулмонони Маскав истодааст, изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Муфтии пойтахт Элдар Аляутдинов гуфт, яке аз вазифаҳои асосии Идораи рӯҳониёни мусулмонони Маскав кор бо муҳоҷирон аст.
Ин руҳонӣ дар суҳбаташ, пас аз дубора интихоб шуданаш ба вазифаи раиси ин Идораи гуфт, ки бораи стратегияи рушди ин Идора талош хоҳад кард.
"Бешубҳа, ин эътимоди бузурги уммат аст. Дар анҷуман стратегияи рушди Идораи рӯҳониёни мусулмонони Маскавро эълон кардам ва вазифаҳои асосии мо тарбияи ҷавонон, бунёди робитаҳои давлатию мазҳабӣ, таҳкими равобити байни мазҳабҳо ва кор бо муҳоҷирон аст”, - гуфт оқои Аляутдинов.
Илова бар ин, ӯ афзуд, дар феҳрасти масъалаҳо вазифаи аввалиндараҷа рушди саноати ҳалол, корҳои иҷтимоӣ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ низ мавҷуд аст.
"Ҳалқаи тиллоӣ" барои мусалмонон: дар Русия мехоҳанд тарҳи нави сайёҳиро роҳандозӣ кунанд
Ҳамчунин мо барои ҷудо кардани ҷойҳо дар қабристонҳои шаҳрӣ барои дафни мусулмонон тибқи меъёр ва қавонини Ислом низ талош хоҳем кард.
"Рӯйхати вазифаҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ҳар як мусалмон тарҳрезӣ шудааст. Ҳама чизеро, ки барои пойтахти Русия, барои ман, масалан, зодгоҳи ман лозим аст, дар ихтиёри мост", - хулоса кард Элдар Аляутдинов.