ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Маскав ба муҳоҷирони корӣ, ки асосан барои тоза кардани кӯчаҳову назди биноҳо заруранд, ниёз дорад, менависад "Известия".
Ба гуфтаи Юрий Московский, раиси комиссияи шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскав, теъдоди муҳоҷироне, ки маъмулан ба ин кор машғуланд, камтар аст.
Дар қаламрави пойтахт 30 ҳазор коргари хориҷӣ дар ҷойҳои доимӣ дар ин самт кор мекунанд, аммо ин рақам то ҳол кофӣ нест, гуфтааст мавсуф..
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти Маркази шуғли аҳолии пойтахт, беш аз 1,6 ҳазор чунин ҷойҳои холӣ пур карда нашудаанд ва дар як ҳафтаи охир шумораи онҳо 10% афзудааст.
Имрӯз дар Маскав маоши миёнаи тамизкорон 25-30 ҳазор рублро ташкил медиҳад, аммо дар баробари ин корхонаҳое ҳастанд, ки барои кор 40-50 ҳазор рубл пешниҳод мекунанд.
Аз ҳама бештар дар ноҳияи Басмани шаҳри Маскав муассисаҳои коммуналӣ намерасанд — 200 нафар.
Аз ҷиҳати норамоии тамизкорон ноҳияи Теплий Стан дар ҷои дуйбюм аст, ки дар ин ҷо қариб 60 ҷои холӣ мавҷуд аст.
Дар ҷои сеюм аз ноҳияи Ясенево, Обручевский ва Хорошево-Мневники меистанд, ки 50 ҷои холӣ пешниҳод кардаанд.