ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ ба таври қобили мулоҳиза боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод чунин поинравии пули русӣ пас аз чанд муддат аввалин бор буда, ҳоло 1000 рубл 151 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 156,5 сомонӣ арзиш дошт ва қабл аз он 160,5.
Ҳамин тариқ коҳиши рубл давоми ду рӯзи ахир ба 9,5 сомонӣ расид, ки болотарин мизони коҳишёбӣ дар кутоҳтарин муддат давоми чанд моҳи ахир аст.
Асъори амрикоӣ бошад, ба таври чашмнорас каме боло рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.2072 сомонӣ медиҳанд. Қаблан як доллар ба 10.2042 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ низ бадтар шудааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 10.8298 (рӯзи қаблӣ 10.8511) сомонӣ медиҳанд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 150 сомонӣ ва зимни фурӯш 157 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 150 ва дар фурӯш 152 сомонӣ муайян намудаанд. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 150 ва 154 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 150 ва ҳангоми фурӯш 155 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.