Тормеғ мефарояд: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорат дар шарқи ВМКБ то 27 дараҷа сард шуда, дар Суғд то 7 дараҷа, дар Хатлон, навоҳии тобеаи марказ ва Душанбе то 12 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии ВМКБ борону барфрезии суст пешгӯӣ гардида, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук ва рӯзона то 4-9 дараҷа хунукӣ мерасад.
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Душанбеи сафедпӯш: Барфи аввал дар пойтахти Тоҷикистон - акс
Дар Хатлон низ фаромадани тормеғ бидуни боришот дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона то 5+10 дараҷа гармӣ мерасад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ тормеғ фаро мегирад, аммо боришот дар назар нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанберо низ чун аксари навоҳии дигари ҷумҳурӣ тормеғ бидуни боришот дар пеш аст. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм дар назар аст.