ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҷумҳуриро ба тасвиб расонд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон, тавзеҳ дод, ки ҳадаф баланд бардоштани устувории хатсайрҳои ҳавопаймоӣ ва идоракунии беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ мебошад.
Вай афзуд, бар асоси ин тағйирот минбаъд даромадҳои ғайрирезидент аз лизинги ҳавопаймою чархбол, муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод мешаванд.
Инчунин воридоти ҳавопаймою чархболҳо, сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд.
Хизматрасониҳои лизинги амалиётии ғайрирезидент ба ширкати ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо низ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд.
Хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ низ, ки аз ҷониби ғайрирезидентҳо барои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд.
Қаблан дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар шарҳи ин иқдом изҳор дошта буданд, ки он барои бардоштани устувории хатсайрҳо, идораи беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳо, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ мусоидат менамояд.