ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишварро қабул намуд, ки ҷазо барои шикори ғайриқонунии бабри барфиро сангинтар мекунад.
Дар ин бора узви Маҷлиси миллӣ, Дилшод Раҳмон зимни ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон хабар дод.
Ба иттилои ӯ, тағйироти мазкур ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз тарафи ҳукумати кишвар пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагон аллакай онро қабул намуд.
Вай таъкид намуд, ки мақсади қонун такмили ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунии бабри барфӣ мебошад.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ моддаи 232 замимаи 1 ворид гардид, ки тибқи қисмаи аввали он шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 2 соли корҳои ислоҳӣ ё то 3 соли маҳрумият аз озодӣ дар пай дорад.
Қисми 2-и моддаи ҷадид муқаррар кардааст, ки агар ин кирдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил дар ҳудуди мамнуъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи экологӣ содир шуда бошад, ҷазо боз сангинтар мешавад.
Таъкид гардидаст, ки дар ин ҳолат нисбати шахси дастандаркор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 1,5 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо метавонад татбиқ гардад. Маврид ба зикр аст, ки феълан як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 64 сомонӣ мебошад.
Инчунин иловаҳои ҷадид маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян то 5 солро муқаррар кардаанд.
Дар баробари ин иловаҳои ҷадид мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунанд, дар натиҷаи ҷинояти марбути шикори бабри барфӣ ба даст омадаанд.