Кӯдакон дар Тоҷикистони шӯравӣ дар чойхонаи "Роҳат"-и шаҳри Душанбе ҳангоми чойнӯшӣ.
Собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар хонааш дар деҳаи Ток-Бай, воқеъ дар 20-километрии Бишкек, пойтахти Қирғизистон, чой менӯшад.
Тамошобинони маҳаллӣ дар пойгаи мошинҳо дар биёбон машғули чойнӯшиянд.
Садху ё худ марди муқаддас дар Ҳиндустон дар як маросими динӣ барои ҳозирин чой мерезад.
Як мардикор дар кони истихроҷи оҳаксанги "Кӯҳи Сафед" дар Миср, тақрибан 265 километрии ҷануби пойтахт, чой хӯрда истодааст.
Кӯдаки гурезаи суриягӣ дар назди хаймаи хонаводааш дар як шаҳраки хаймаи ғайрирасмии марзӣ машғули чоннӯшист.
Марди афғон дар дӯкони сарироҳӣ дар Кобул бо як пиёла чой худро гарм карда истодааст.
Подшоҳи Бритониёи Кабир Карли III ва ҳамсараш Камила ҳангоми боздид аз театр дар маркази Лондон чойнӯшӣ низ карданд.
Чойрезии хоси марде дар Ҳабашистон дар шаҳри Агадес.
Занони чинӣ маросими чонӯшияшонро дар болои куҳе дар музофоти Фуҷиан аксбардорӣ доранд.