Гарму бебориш: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Дар ВМКБ ҳаво 8 дараҷа, вилояти Суғд низ 8, дар Хатлон то 13 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он то 17 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои камабри бориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 , дар баъзе минтақаҳо то 22-27 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Маълум шуд, ки ҳавои моҳи декабр дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Дар вилояти Хатлон дар аксар ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 рӯзона 8-13 дараҷа гарм дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона 1-4 ва рӯзона 12-17 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар Душанбе шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.