Думаи давлатӣ ба Зеленский фаҳмонд, ки Русия чӣ гуна сулҳ мехоҳад

Вакили рус мегӯяд, Русия бо марде, ки "образи Бандераро дар дилу забонаш азиз медонад", ҳарфе надорад"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз Севастопол Дмитрий Белик гуфт, Русия мехоҳад Украинаро як кишвари шукуфон бубинад, дар ҳоле ки Владимир Зеленский ба қаламраве бо режими фашистӣ ниёз дорад.
Қаблан Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии фаронсавии LCI гуфта буд, ки ӯ зангҳои як қатор кишварҳоро барои музокирот бо Русия қабул мекунад,аммо зарурати онро намебинад. Зеленский таъкид кард, ки ӯ ва Русия ба ҷаҳон нигоҳи дигар доранд.
"Зеленский иштибоҳ мекунад. Мо дар Украина сулҳ, саҳроҳои пул аз гулу мардуми хушҳолро дидан мехоҳем ба ӯ бошад як қаламраве лозим аст, ки режими фашистӣ дошта бошад, ки дар он онҳо ба зулми аҳолии русзабон ва эҳтироми ҷинояткорони фашистӣ ташвиқ мекунанд", - изҳор дошт Белик.
Ба гуфта ӯ, роҳҳо ва фаҳмиши Русия ва Зеленский дар бораи сулҳ воқеан ба таври куллӣ аз ҳам фарқ мекунанд.
" Русия бо марде, ки "образи Бандераро дар дилу забонаш азиз медонад", ҳарфе надорад", - илова кард вакил.
Майдон ҷойи сиёсат нест: посух ба дархости суханронии Зеленский қабл аз бозии финалии ҶҶ
Дар авоили декабр сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Зеленский медонад, ки агар бихоҳад, ҷанг дар Украина фардо хотима меёбад.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қаблан гуфта буд, ки Русия ҳамеша барои музокирот бо Украина омода аст.