Тарки муҳоҷирон аз сарзамини Приморск

Имсол дар сарзамини Приморск вуруди муҳоҷирони корӣ аз ИДМ нисбат ба хуруҷи онҳо аз ин минтақа тақрибан ду баробар камтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар сарзамини Приморск дар 10 моҳи соли равон тақрибан 5,6 ҳазор муҳоҷир кам шудааст, хабар медиҳад “Приморскстат”.
Ҳамин тавр, аз моҳи январ то октябри соли равон ҳудуди 12,2 ҳазор коргари хориҷӣ ин вилоятро тарк кардаанд.
Дар баробари ин ба ин вилоят ду баробар кам — каме бештар аз 6,6 хазор нафар муҳоҷир ба ин минтақа ворид шуданд. Ҳамин таврметавон гуфт, ки шумори муҳоҷирон дар Приморие 5,6 ҳазор нафар кам шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба раванди муҳоҷират дар соли 2021 зиёдтар аст. Он замон теъдоди муҳоҷирон 3,8 хазор нафар афзуда буд. Соли гузашта дар ҳамин давра 8,3 ҳазор нафар ворид ва 4,4 ҳазор нафар хуруҷ шуда буд.
Дар Русия назорати муҳоҷират пурзӯр мешавад
Мушаххас шудааст, ки бахши аъзами муҳоҷирони корӣ, ки имсол вориди ин минтақа шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои ИДМ мебошанд: Қирғизистон ва Ӯзбекистон (тақрибан 90 дарсади кулли муҳоҷирон) мебошанд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта низ ҳамин гуна ҳолат ба назар мерасид, вале он замон шаҳрвандони Тоҷикистону Арманистон ва Чин меомаданд.
Раёсат маълум кард, ки мардон нисбат ба занон 2,8 маротиба зиёдтар ба ин минтақа меоянд.
Бино ба маълумоти пулиси вилоят, дар охири соли 2021 55 ҳазор хориҷӣ ба таври доимӣ сабти ном шудаанд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон (61%), Қирғизистон (10%), Чин (8%) ва Тоҷикистон (7%).