Сафири Русия ба табрики Гулрухсор рафту паём аз Маскавро расонд

Дипломати Русия ба муносибати солгарди шоири тоҷик ба дидораш рафту як қатор лоиҳаҳоро барои таҳкими ваҳдати фарҳангии кишварҳо баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев ба табрики шоири мардумии тоҷик, Гулрухсор Сафиева бо 75-умин солгарди мавлудаш рафт.
Ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, Григорев ба Сафиева паёми намояндаи вижаи президенти ФР дар бахши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, Михаил Швидкойро расонд.
"Шумо як чеҳраи адабӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ҳастед. Мероси эҷодии шумо яке аз он риштаҳои зиёди муҳимест, ки фазои башардӯстиро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мепайвандад", - таъкид шудаст дар паёми шодбошӣ.
Зимни суҳбат бо сафир, Сафиева дар бораи сиёсатмадорон ва фарҳангиёни Русия гуфт, ки дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёти худ бо онҳо дидору дӯстӣ доштаст.
Шоир ҳамчунин як қатор лоиҳаҳо барои таҳкими ваҳдати фарҳангии Тоҷикистону Русияро пешниҳод кардааст, ки дар назар аст, амалӣ карда шаванд. Тахмин меравад, ки ин иқдомҳо дар якҷоягӣ бо Сафорати Русия амалӣ хоҳанд шуд.

Зиндагиномаи Гулрухсор Сафиева

Гулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омада, соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ба ҳайси мухбири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), муҳаррири маҷаллаи "Машъал" (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (1970-1981) кор кардааст.
Гулрухсор солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд.
Ӯ котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африқо, раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии ИҶШС (1989-1991), президенти Академияи байналмилалии фарҳанги АвруОсиё (1994 — 2004, Русия) буд.

Эҷодиёти шоир

Асарҳои Гулрухсор Сафиева ба забонҳои гуногуни ҷаҳон нашр шуда, ҳаводорони бешуморе дар дохилу хориҷи кишвар доранд.
Ӯ нахустин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад. Аввалин шеъраш "Баҳор" (1962) унвон дошт. Шеъри аввалини ин шоири дар давраи наврасияш бо унвони "Тоҷикистон" дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм "Қаротегини советӣ" нашр шудааст.
Аввалин маҷмӯаи шеъриаш "Бунафша" соли 1970 ба дасти мухлисонаш расид. Ин маҷмуа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.
Ба дунбол китобҳои ӯ "Хонаи падар"(1973), "Шабдарав" (1975), "Афсонаи кӯҳӣ" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос" (1980), "Оташи Суғд" (1981), "Гаҳвораи сабз" (1984), "Сипар" (1984) "Оинаи рӯз" (1984), "Шабнам"(1986), "Рӯҳи Бохтар" (1987), "Қасидаи кӯҳистон" (1988) нашр шуданд.
Пас аз ба истиқлол расидани кишвар китобҳои "Тахти сангин" (1992), "Зодрӯзи дард" (1995), "Дар паноҳи сояи худ" (1998), "Рӯзномаи берӯз" (2000), "Зан ва ҷанг" (2000, 2004, 2013), "Девон" (2004), "Биҳишти хобҳо" (2004), "Девон" (2006), "Сад барги ғазал" (2007), "Ҷовидона" (2009) "Шуъла дар санг" (2011), "Таронаи Ватан" (2012) ва ғайра ба нашр расиданд.