ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, иттилоъ дод раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо нашри як паёми шодбошӣ.
Ба иттилои ӯ, бар асоси қатъномаи ахиран қабулкардаи СММ, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Инчунин таъсиси Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар назар аст.
Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ӯ изҳори умед кард, ки дар он стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ барои пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо қабул хоҳанд шуд.
"Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд", - ҳушдор дод Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.
Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт.
Раҳмон зикр намуд, ки ин ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул шуд ва гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.