ВАО: Аврупо дар пайи фасод аз дарун мепӯсад

ИА аз ҷанҷолҳои доимии фасод ба ларза меояд, аммо онҳо танҳо нӯги айсберг мебошанд. Миқёси васеи воқеии қонуншиканиҳо ба гумон аст, ки ошкор шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо бо фасоди амиқ аз дарун пӯсида истодааст, менависад рӯзноманигори Spiked.
Муаллифи нашрия аз ҷанҷолҳое, ки тайи даҳсолаҳои ахир Иттиҳодияи Аврупоро такон дод, тасарруфи беназорати маблағҳои порлумон, баста шудани комиссияҳо ба далели иттиҳоми фасодкорӣ ёдовар шудааст.
Охирин парванда чанд вакили собиқ ва феълии Аврупоро дар бар мегирад, ки барои пешбурди манфиатҳои худ дар Брюссел аз Қатар пул гирифтаанд.
Дар миёни афроде, ки пулиси Белгия боздошт кардааст, собиқ ноиби президенти порлумон Ева Кайли низ ҳаст.
"Ҷуброни зарари таҳримҳо". Таваррум дар ИМА ва ИА меафзояд
Вай ба иттиҳоми ҷиноӣ, фасод ва шустушӯи пул гумонбар дониста мешавад.
Дигар айбдоршавандаҳо котиби генералии иттифоқҳои касаба Лука Висентини ва Пиер Антонио Пантсери, собиқ раиси кумита оид ба ҳуқуқи инсони парлумон ва аҷибаш ин аст, ки роҳбари ташкилоти ғайридавлатии "Мубориза бар зидди беҷазоӣ" мебошанд.
Матбуот менависад, парвандаҳои пурсарусадо ҳар чанд сол дар сархати хабарҳо қарор мегиранд, аммо ин танҳо нӯги айсберг аст.
Ҳамин тариқ, дар гузориши охирин, Палатаи аудити Аврупо 15 ҳолати қаллобӣ дар танҳо як намунаи хурди муомилоти тафтишшуда дар дохили ИА гузориш додааст.
Миқёси воқеии қонуншиканиҳо, ба гуфтаи муаллифи мақола, гумон аст, ошкор шавад: олигархияи Иттиҳоди Аврупо омода аст нест, то ки худро фош кунад.