Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд 160 оилаи ниёзманд соҳиби манзил мешаванд

Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд 4 бинои хобгоҳ дар ояндаи наздик пурра таъмир шуда ва ба сокинони эҳтиёҷманд супорида мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар шаҳри Истиқлол барои обод намудани 4 бинои хобгоҳ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, биноҳо дар ояндаи наздик пурра таъмир ва ба сокинони эҳтиёҷманд супорида мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
“Аз ин ҳисоб 160 оилаи ниёзманд бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол бо рафти сохтмон ва лоиҳаи иншооти зикршуда шинос гардида.
Қайд карда шудааст, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёди 130 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, 30 адади он соли равон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Раиси Суғд ба занони вилоят қариб ним млн сомонӣ грант дод
Аз ҷумла, дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ бунёди коргоҳи нонпазӣ ва қаннодӣ, тарабхона ва маркази хизматрасонӣ, осорхона дар боғи фарҳангиву истироҳатии шаҳр, таъсиси ҳавзи об барои таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии хобгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.
Аҳмадзода барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии нақшаи буёнди иншооти ҷашнӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба роҳбарияти шаҳр супоришҳои мушаххас дод.