ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд корҳои безараргардонии партовгоҳҳои уран идома дорад.
Партовгоҳи кӯҳнаи Табошар (Истиқлоли ҳозира) ба ҳолати радиатсионӣ бехатар оварда шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Маблағ барои ин фаъолиятҳо бар асоси созишномаи дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон ҷудо шудааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафараш ба шаҳри Истиқлол аз ин манотиқ дидан кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки корпоратсияи "Росатом"-и Русия марҳилаи аввали безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар Истиқлолро анҷом додааст.
Раванди корҳо дар 3 марҳила сурат мегирад ва то соли 2023 ба охир мерасад.
Арзиши корҳои анҷомдодашаванда аз 700 миллион сомонӣ зиёд буда, лоиҳа дар доираи маъракаи барҳам додани "мероси ядроӣ" дар ИДМ аввалин лоиҳа хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз бузургтарин конҳои уран дар СССР "Табошар" дар наздикии шаҳри Табошар (Истиқлоли ҳозира)-и Тоҷикистон буд.
Аз соли 1944 то соли 1965 дар он ҷо маъдани уран фаъолона истихроҷ карда мешуд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро “гуристонҳои уран” ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон - Чкалови пештара, дар қарни гузашта ба вуҷуд омада дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Аз теъдоди умумӣ, айни ҳол 3 партовгоҳи уран дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров дар шароити боз қарор доранд. Дар умум замини ин се партовгоҳ 200 гектар буда, дар онҳо ҳудуди 50 млн тон боқимондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд.
Бино ба арзёбии масъулони корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 70 млн евро зарур аст, ки тавони молии давлат ба он намерасад ва ниёз ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ дорад.