ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои қишри ниёзманди ҷомеа чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои чорабиниҳои солинавӣ дар вилоят рӯзҳои 28-30 декабр дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдбаргузор мегардад.
Таъкид шудааст, ки чорабиниҳои идона бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мешаванд.
Барномаҳои солинавӣ дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон доир мегардад.
Қайд карда шудааст, ки ба бошандагони муассисаҳо кӯмакҳои моддӣ расонида хоҳад шуд.
Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳои идонаи муассисаҳои иҷтимоӣ иштирок намуда, кӯмакҳоро ба бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон, пиронсолону маъюбон мерасонанд.